- бар
- I[بر]асоси замони ҳозира аз бурдан. бар- بر пешванд, ки дар аввали исмҳо омада, калимаҳои нав месозад: бардавом, барқарор, баръаксII[بر]пешванд1. ба: вой бар ҳоли ман2. болои…, ба болои…; бари… // дар бари… назди…, пеши…; аз бари… а) аз пеши…, аз назди…, аз паҳлӯи…; б) аз ҷониби…, аз сӯи…, аз номи…; бар болои … а) аз болои…; б) дар хусуси…, дар бораи…; бар болои ин ба замми ин, илова бар ин; бар хилофи… баръакси…, алорағми…; як(е) бар ду ду баробар, ду бор зиёд; бар задан боло кардан (-и остин, доман)◊ бар бод додан а) талаф гардонидан, зоеъ намудан; нобуд кардан; б) барҳам задан, аз байн бурдан; в) вайрон кардан; бар бод рафтан зоеъ шудан, талаф гардидан; аз байн рафтан, нобуд шудан; бар ҳазар будан ҳазар кардан, парҳез намудан, эҳтиёт шуданIII[بر]1. оғӯш, бағал; ба бар кашидан бағал кардан, дар оғӯш гирифтан; дар бар гирифтан фаро гирифтан, муштамил будан2. сина; сари сина3. тан, бадан; ба бар кардан пӯшиданIV[بر]паҳноӣ, арз, кундалангӣ; муқоб. қад; дарозӣV[بر]1. тараф, ҷониб, сӯй2. канор, гӯша, лаба; бари ҷома ду тарафи пеши ба ҳам расандаи ҷомаи пешкушода аз боло то поин; бари роҳ канори роҳ, паҳлуи роҳ; бари рӯй сафҳаи рӯй, он қисми рӯи инсон, ки дар байни гӯшу даҳон воқеъ аст, рух◊ аз бар кардан аз ёд (ҳифз) кардан, дар хотир нигоҳ доштан; аз бар хондан аз ёд гуфтан; бараш ба бараш нарасида қашшоқона, камбағалонаVI[بر]бор, самара, ҳосил; меваи дарахт
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.